Мулоқот бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

13.04.2020 09:39

13 апрели 2020 Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафир Мэрилин Йосефсонро қабул намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла пешгирии пароканиши коронавирус (COVID-19) дар кишварро баррасӣ карданд. Дар робита ба ин, сафир Мэрилин Йосефсон изҳор намуд, ки Иттиҳоди Аврупо ният дорад, то 48 миллион евроро дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ ҳамчун кумак ба Тоҷикистон дар бароварда сохтани ниёзҳои мубрам ва костани паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 пешниҳод намояд.

Дар суҳбат ҳамчунин масъалаҳои байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

 

Мулоқоти Вазир бо Роҳбари ИА.jpg

 

Нигористон

Тақвим