16 ноябри соли 2014 дар ш.Брюссел дар қароргоҳи Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) 46-умин чорабинии солонаи Бунёди хайрияи СААШ бо иштироки 41 кишвари аъзо ва шарики Созмон барпо гардид.
Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Бунёди хайрияи СААШ шуд, ки он соли 1968 бо мақсади ҷамъоварии маблағ барои дастгирии лоиҳаҳои байналмилалии хайриявӣ таъсис ёфтааст. Ин иттиҳодияи ғайритиҷоратӣ ҳамасола чорабиниро бо муаррифии гӯшаҳои миллӣ ва тарабхонавии кишварҳои аъзо, инчунин лотереяи тӯҳфаҳои миллӣ баргузор менамояд.
Бо иштироки Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СААШ ва дастгирии фаъолони диаспораи тоҷик дар Белгия ва Нидерланд, дар гӯшаи миллии Тоҷикистон ба меҳмонони чорабинӣ ашёҳои гуногуни анъанавии истеҳсоли косибии миллӣ – ҷавоҳирот, тӯҳфаҳои хотирмон, маснуоти сангӣ, зарфҳо, расмҳои “кундал”, либосҳои миллии ороишии мардонаву занона ва ҷузъиёти онҳо, тухмиҳои гулҳо, меваҳои хушк ва қаннодӣ, инчунин китобҳо ва руқъаҳо дар бораи Тоҷикистон пешкаш гардиданд.
Садҳо меҳмонони чорабинӣ, аз ҷумла намояндагони баландпояи Иттиҳоди Аврупо, СААШ, дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, сафирони муқими ш.Брюссел, инчунин кормандони сершумори васоити ахбори оммаи аврупоӣ аз гӯшаи миллии Тоҷикистон дидан карданд.

