18 ноябри соли 2014 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Сума Чакрабарти доир гардид.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону БАТР-ро муҳокима карданд.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар солҳои фаъолияти БАТР дар Тоҷикистон байни Ҳукумат ва ин Бонк созишномаҳои мухталиф ба имзо расидаанд, ки ҳадафи онҳо татбиқи лоиҳаҳои муҳимми соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ мебошад.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак иброз намуданд.


