Субҳи 26 майи 2020 дар ҳамкорӣ бо ҷониби Русия 159 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Федератсияи Русия қарор доштанд, бо парвози махсуси ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” аз Екатеринбург ба Душанбе баргардонида шуданд.
Бо парвози мазкур инчунин ду ҷасади ҳамватани мо ҷиҳати хоксупорӣ дар Тоҷикистон интиқол дода шуданд.