20 ноябри 2014 дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва корҳои хориҷӣ Сартоҷ Азиз мулоқот барпо намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масоили муносибатҳо байни кишварҳоро муҳокима карда, перомуни масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар рафти суҳбат Сироҷидин Аслов қайд кард, ки барои кишвари мо сафари гузаштаи расмии Сарвазири Покистон Навоз Шариф ба Тоҷикистон ва натиҷаҳои бадастомада зимни музокирот дар сатҳи баланд муҳим арзёбӣ мегарданд.
Вазири корҳои хориҷӣ бори дигар омодагии Тоҷикистонро барои ба роҳ мондани ҳамкории зич бо ҷониби покистонӣ ҷиҳати татбиқи пай дар пайи мувофиқаҳои бадастомадаи тарафайн дар самтҳои энергетикаву рушди коммуникатсия тазаккур намуд.

