Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар чорабинии муштараки сатҳи баланд роҷеъ ба мавзӯи обу беҳдошт ва иқлим

29.05.2020 19:51

29 майи 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии муштараки сатҳи баланд зери унвони “Суръатбахшии татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии 2030 тавассути амалҳо дар соҳаҳои обёрӣ, беҳдошт ва иқлим”, ки бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Канада, Финляндия, Маҷористон, Япония, Кения, Нидерландия, Португалия, Сингапур, Тоҷикистон дар СММ ва Департаменти СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва дастгирии ниҳоди “СММ-Об” дар шакли видео-конфронс ташкил гардидааст, иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар суханронии хеш Вазири корҳои хориҷӣ дар ростои паҳншавии бемории ҳамагири COVID-19 ва паёмадҳои он ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо ва тағйирёбии иқлиму таъсири он ба олами ҳайвоноту наботот ҷиҳати татбиқи самараноки Ҳадафҳои рушди устувор барои давраи то соли 2030 ҳамаи ҷонибҳоро ба таҳкими ҳамкориҳо даъват намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ инчунин ҳифзи захираҳои обии минтақа ва истифодаи сарфаракоронаи онҳоро муҳим хонда, диққати ширкаткунандагонро ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои обӣ, ки барои пешбурд ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат менамоянд, ҷалб намуд.

Гузашта аз ин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон самтҳои авлавиятноки ҳамкории кишвари моро дар доираи СММ қайд карда, бо таваҷҷуҳ ба вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон ба зарурати тақвияти ҳамкориву шарокати ҷонибҳо дар ҳама соҳаҳо таъкид кард.

PS7A3078-29-05-2020-1951.jpg

 

Нигористон

Тақвим