Бозгашти шаҳрвандони боқимондаи кишвар аз марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия

30.05.2020 17:20

29 ва 30 майи 2020 бо парвозҳои махсуси ширкати “Уральские авиалинии” 49 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ (МНМШХ)-и Русия қарор доштанд, аз Москва ба Душанбе баргардонида шуданд. Бо парвозҳои мазкур инчунин 13 ҷасади шаҳрванди кишвар ба Ватан оварда шуданд.

Ҳамин тариқ, аз 19 то 30 майи соли ҷорӣ дар ҳамоҳангӣ бо ҷониби Русия аз МНМШХ-и он кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 680 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои омодашудаи зарурӣ барои сафарро доштанд, инчунин ҷасадҳои 58 ҳамватан баргардонида шуданд.

Вазорат иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати иҷрои дастури Роҳбари давлат оид ба татбиқи нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандон, айни замон имконияти анҷом додани парвозҳои махсус (чартерӣ) ба/аз Федератсияи Русия ва дигар кишварҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии ватанӣ мавриди корбарӣ қарор дорад.

Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити лозим, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

Нигористон

Тақвим