Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Вазири савдои Покистон

21.11.2014 04:16

20 ноябри соли 2014 дар Исломобод вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири савдои Ҷумҳурии Исломии Покистон доир гардид.

Зимни мулоқот роҷеъ ба масоили робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду савдо мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо зарурати зиёд намудани ҳаҷми гардиши савдои хориҷиро қайд карда, ба мувофиқа омаданд, то ҳамкориҳо миёни вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар таҳким бахшида шаванд.

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Вазири савдои Покистон

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим