Дидори Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Покистон

21.11.2014 12:46

21 ноябри соли 2014 дар доираи сафари расмии худ ба Исломобод Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Навоз Шариф мулоқот анҷом дод.

Зимни суҳбат перомуни масъалаҳои ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Покистон дар соҳаҳои амният, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ табодули назар сурат гирифт. Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи қарордодҳое, ки зимни сафари расмии Сарвазири Покистон ба Тоҷикистон ба имзо расида буданд, зоҳир карда шуд.  

Ҷонибҳо инчунин вазъият дар Афғонистон ва дигар масъалаҳои дорои аҳаммияти минтақавию байналмилалиро муҳокима карданд.

Дидори Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири  Покистон

Дидори Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири  Покистон

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим