21 ноябри соли 2014 дар Исломобод вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири энергетика ва оби Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф доир гардид.
Зимни вохӯрӣ мусоҳибон аз ҳамкории судманди ду кишвар дар соҳаи энергетика изҳори қаноатмандӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, то чунин ҳамкориро дар татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба ва минтақавӣ давом диҳанд.

