Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон

22.11.2014 03:05

21 ноябри 2014 дар Исломобод дар қароргоҳи худ “Айвони Садр” Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Асловро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо дар масоили васеи ҳамкории дуҷониба миёни ду кишвар, инчунин масъалаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Сироҷидин Аслов ба Роҳбари давлати дӯст барои пазироии гарм ва инчунин саҳми бевосита, ки ба мустаҳкамнамоии равобити миёни кишварҳо равона шудаанд, изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Мулоқоти  Вазири корҳои хориҷӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим