Вазорати корҳои хориҷӣ ба таваҷҷуҳи ҳамватанон мерасонад, ки тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз 25 июни 2020 парвозҳои чартерии ширкатҳои ватании “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” ба/аз шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбурги Федератсияи Русия ҷиҳати марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
Бояд қайд кард, ки зимни иҷрои парвозҳо авлавият ба табақаҳои осебпазири шаҳрвандони Тоҷикистон, пеш аз ҳама беморон, занон бо кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки бино бар сафари хизматӣ дар Русия дармондаанд, дода мешавад.
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Москва ва консулгариҳои генералии кишвар дар Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа комиссияҳои махсус таъсис дода шуда, вазифаи онҳо тартиб додани рӯйхатҳои шаҳрвандон хоҳад буд. Пас аз омода гардидани рӯйхатҳо шаҳрвандон оид ба харидорӣ намудани билетҳо хабардор карда мешаванд.
Бино бар ин аз шаҳрвандони кишвар эҳтироман хоҳиш мегардад, то муроҷиатҳои худро ба суроғаи электронии charter-russia@mfa.tj бо дарҷи маълумоти тамос ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ирсол намоянд.
Маълумот оид ба рӯзҳои парвозҳо ба маҳзи ҳамоҳанг гардидани мавзӯъ бо ҷониби Русия ва гирифтани иҷозати мақомоти авиатсионии он кишвар иловатан пешниҳод хоҳад шуд.