Вохӯрии Вазири корҳои хориҷи Тоҷикистон бо Валиаҳди Давлати Кувайт

24.11.2014 04:07

23 ноябри соли 2014 дар шаҳри Кувайт Валиаҳди Давлати Кувайт шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат перомуни масоили муносибатҳои Тоҷикистону Кувайт ва дурнамои рушди он мубодилаи афкор сурат гирифт.

Вазири корҳои хориҷии кишвар қайд намуд, ки рушди ҳамкориҳо бо Давлати Кувайт самти афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар мебошад. Сироҷидин Аслов иброз дошт, ки дар ҳоли ҳозир муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд ва изҳори умедворӣ намуд, ки вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистону Кувайт ҳамкории зичро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Фонди кувайтии рушд вусъат хоҳанд дод.

Дар ҷараёни мулоқот Вазири корҳои хориҷии кишвар ба Валиаҳди Кувайт паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ тақдим намуд. Дар паёми худ Президенти Тоҷикистон аз Амири Кувайт даъват ба амал овардааст, то дар фурсати муносиб сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.

Ба ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар С.Аслов инчунин Вазири энергетика ва захираҳои об У. Усмонзода, Вазири нақлиёт Х. Асозода, Роҳбари Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Аҳмадов ва дигар намояндагони баланди вазорату идораҳои кишвар шомил шудаанд.

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷи Тоҷикистон бо Валиаҳди Давлати Кувайт

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷи Тоҷикистон бо Валиаҳди Давлати Кувайт

 

 

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим