Мусоҳибаҳои Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо хабарнигорони рӯзномаҳои ҷамъиятию сиёсии Кувайт

28.11.2014 19:08

Мусоҳибаҳои Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо хабарнигорони рӯзномаҳои ҷамъиятию сиёсии КувайтДар ҳошия сафари расмии худ ба Давлати Кувайт Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо хабарнигорони рӯзномаҳои бонуфузи ҷамъиятию сиёсии “Ан-Наҳор”, “ал-Қабас” ва “ал-Ватан”-и ин кишвар дар атрофи масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба, самтҳои афзалиятноки сармоягузориҳои Кувайт ба иқтисоди Тоҷикистон ва инчунин мавқеи кишвари мо нисбати ҳалли қазияҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ ва пешгирии чолишҳои амниятӣ мусоҳибаҳо анҷом дод.

Қобили зикр аст, ки ҷараёни боздиди Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Давлати Кувайт дар васоити ахбори оммаи арабӣ ва англизабони ин кишвар ба таври густурда инъикос ёфт.  

Барои дарёфти тафсилоти бештар ба забони арабӣ ба сомонаҳои зерин нигаред:

Рӯзномаи “ал-Ватан”

Рӯзномаи “ан-Наҳор”

Рӯзномаи “ал-Қабас”

Нигористон

Тақвим