Вохӯрии Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо бо Ноиби Президенти Парлумони Аврупо

12.01.2015 16:22

8 январи соли 2015 дар шаҳри Брюссел вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустам Солиев бо Ноиби Президенти Парлумони Аврупо Ричард Чарнески баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои гуногунсамтаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ намуда, оид ба таҳким ва тавсеаи минбаъдаи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Ричард Чарнески изҳор намуд, ки Парлумони Аврупо омодааст бо истифода аз механизмҳои парлумонӣ барои боз ҳам ба сатҳи баланд бардоштани ҳамкориҳои мутақобилан судманди бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мусоидат расонад.

Дар ҳошияи вохӯрӣ Намояндаи доимӣ аз аъзои Гурӯҳи дӯстии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо шудани Ричард Чарнески ибрози қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки чунин тавсеаи сафи аъзоёни Гурӯҳи дӯстӣ барои мустаҳкам намудани ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо мусоидати фаъол хоҳад намуд.

Вохӯрии Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо бо Ноиби Президенти Парлумони Аврупо

Нигористон

Тақвим