28 ноябри 2020 дар шаҳри Ниамей нишасти 47-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ба кори худ идома дод, ки дар он Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ роҳбари ҳайати Тоҷикистон ба зарурати фаъолсозии нақши Созмон дар ҳалли қазияҳои мубрами кишварҳои мусулмонӣ, аҳаммияти тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва таҳдиду чолишҳои замони муосир таъкид намуд. Бо ишора ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассири кишвар дар таъмини сулҳу субот ва пешбурди амалиёти сулҳофаринӣ махсусан зикр гардид.
Дар ҷараёни ҳамоиш намояндаи Ҷумҳурии Чад Ҳусейн Иброҳим Тоҳо ба ҳайси Дабири кулли нави Созмони ҳамкории исломӣ барои солҳои 2021-2026 интихоб шуд.
Дар поёни иҷлос доир ба натиҷаҳо, қарорҳо ва тавсияҳои он Эъломияи Ниамей қабул гардид. Қарор шуд, ки Ҷумҳурии Исломии Покистон мизбони нишасти ояндаи Шӯрои ВКХ СҲИ хоҳад буд.