Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Чин

10.02.2015 09:27

9 феврали соли 2015 вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжун баргузор гардид.

Ҷонибҳо самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чинро дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ, ки ба рушди зерсохторҳои нақлиётию коммуникатсионӣ ва энергетикии кишвар ва минтақа равона шудаанд, баррасӣ карданд.

Ҳамчунин дар атрофи дигар масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо табодули назари судманд сурат гирифт.

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим