Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Подшоҳии Таиланд

12.02.2015 15:40

12 феврали соли 2015 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ Сафири Подшоҳии Таиланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чан Ҷулламонро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот доираи васеи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, алоқаи ҳавоӣ, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин роҷеъ ба самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Таиланд дар чорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва рафти омодагиҳо ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба арзёбии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал  “Об барои ҳаёт” (9-11 июни соли 2015, Душанбе) табодули назар сурат гирифт.

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим