Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти сафар ба Туркия доранд

19.02.2015 16:42

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нияти сафар ба Ҷумҳурии Туркия доранд, мерасонад, ки дар асоси Қонуни Ҷумурии Туркия "Дар бораи шарҳвандони хориҷӣ ва ҳимояи байналхалқӣ" аз 1-уми январи соли 2015 ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаламрави Ҷумҳурии Туркия бо шиносномаи хориҷие, ки муҳлати эътибораш кам аз шаш моҳ мебошад, ворид шудан манъ гардидааст.

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим