Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ-иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором

06.04.2021 15:48

6 апрели соли равон вохӯрии маҷозии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби иҷроияи Комиссияи иҷтисодӣ-иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором хонум Армида Салсия Алишаҳбана  танзим гардид.

Ҷонибҳо атрофи масъалаҳои марбут ба коҳиши паёмадҳои иқтисодӣ-иҷтимоии ҳамагирии COVID-19, ислоҳоти СММ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва иштироки Тоҷикистон дар иҷлоси 77-уми Комиссияи мазкур, ки 26-29 апрели 2021 дар шакли маҷозӣ баргузор мегардад,  табодули назар намуданд.  

Инчунин ҷонибҳо масоили дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои обу энергетика, нақлиёт ва иқтисодро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин росто, қайд гардид, ки барои дастгирии кишварҳои узв дар самти татбиқи  ҳадафҳои Рӯзномаи 2030 фаъолгардонии механизми ҳамкориҳои комиссияҳои минтақавии СММ бо тими кишварии СММ тавассути ҷалби сармоя, аз ҷумла бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

1-Foreign-Minister-and-UNESCAP-1.jpg

1-Foreign-Minister-and-UNESCAP-2.jpg

Нигористон

Тақвим