Мулоқоти Сафир бо Вазири тиҷорат ва саноати Ҳиндустон

06.04.2021 16:17

1 апрели 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Луқмон Бобокалонзода бо Вазири роҳҳои оҳан, Вазири тиҷорат ва саноат, Вазири корҳои истеъмолкунандагон, озуқаворӣ ва тақсимоти умумии Ҳиндустон Пиюш Гоял мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ тақвияти кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, илм ва технология, роҳҳои афзоиши ҳаҷми тиҷорат байни ду кишвар ва ҳамкориҳои баъдӣ дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардиданд.

muloqot-bo-P-Goyal 06 04 2021.jpg

Нигористон

Тақвим