Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Маҷористон

07.04.2021 13:56

7 апрели 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Петер Сийярторо ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот ҳамсуҳбатон мавзӯъҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои минтақавӣ ва таҳкими равобити бисёрҷониба мубодилаи афкор карданд. Пас аз анҷоми мулоқот машваратҳои сиёсӣ миёни ҳайатҳои ду кишвар бо роҳбарии вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардиданд.   

Ҷонибҳо бо ибрози рағбати мутақобил ба тавсеаи муҳтавои муносибатҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Маҷористон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, муҳитизистӣ, сайёҳӣ, илмӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ ва варзишӣ, изҳори ният карданд, ки 30-солагии муносибатҳои дипломатиро дар соли 2022 ҷашн гиранд ва ба ин муносибат ҳамоишҳои илмӣ ва фарҳангиро баргузор намоянд.

Дар интиҳо вазирон Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Маҷористонро барои солҳои 2022-2024 имзо карданд.

Tajikistan and Hungary 07 04 2021 4.jpg

Tajikistan and Hungary 07 04 2021 3.jpg

Tajikistan and Hungary 07 04 2021 2.jpg

Tajikistan and Hungary 07 04 2021 1.jpg

Нигористон

Тақвим