Изҳороти матбуотии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

07.04.2021 15:00

Изҳороти матбуотии

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин

аз натиҷаи мулоқот бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Петер Сийярто

 

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!

Хонумон ва ҷанобон!

Мулоқотҳои мо бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон ҷаноби Петер Сийярто чун анъана дар фазои дӯстӣ, созандагӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт. Мо имрӯз мавзӯъҳои дуҷониба, минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар қолабҳои бисёрҷонибаро баррасӣ намудем.

Чанд лаҳза пеш машваратҳои навбатии сиёсӣ миёни Тоҷикистону Маҷористон анҷом ёфтанд. 

Баъд аз анҷоми машваратҳои сиёсӣ мо барномаи ҳамкорӣ миёни мақомоти сиёсии ду кишварро барои солҳои 2022-2024 имзо кардем.

Мо дар иртибот ба вазъи имрӯзаи ҳамагирии Ковид-19 ва муборизаи муштарак ба он ибрози ақида намуда, ҷанбаҳои ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, муҳитизистӣ, сайёҳӣ, илмию фарҳангӣ, тандурустӣ ва варзишӣ баррасӣ кардем. Ҳавасмандии мутақобилро оид ба такмили заминаи ҳуқуқӣ ба мақсади тавсеаи мазмуну муҳтавои муносибатҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Маҷористон изҳор доштем.

Тасмим гирифта шуд, ки 30-юмин солгарди таъсиси муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Маҷористонро соли 2022 таҷлил намоем ва ба ин муносибат чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ баргузор кунем.

Дар рафти мулоқот ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Зимни баррасии робитаҳои ду кишвар дар қолабҳои бисёрҷониба мо аз ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи об, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ изҳори қаноатмандӣ кардем. 

Дар доираи ин сафар, вохӯриҳои ҳамтои маҷористонии ман  дар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Прокуратураи генералӣ ва имзои чанд санад пешбинӣ шудааст.

Пас аз зуҳр маросими кушодашавии дафтари консули фахрии Маҷористон дар Тоҷикистон дар назар аст.

Ҳамчунин лозим ба зикр аст, ки имрӯз субҳ бо ҳузури соҳибкорони тоҷик ва маҷористонӣ бизнес форум барпо шуд.

Ҳамингуна мо зарурати идомаи ҳамкориҳои минбаъдаро таъкид карда, аз сатҳи кунунии муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ намудем.

Ҳоло риштаи суханро ба ҷаноби Петер Сийярто Вазири муҳтарами корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон медиҳам.

Ташаккур!

Tajikistan 07 04 2021 Press 1.jpg

Tajikistan 07 04 2021 Press 2.jpg

Tajikistan 07 04 2021 Press.jpg

Нигористон

Тақвим