Ифтитоҳи Дафтари консули фахрии Маҷористон дар Душанбе

08.04.2021 12:38

7 апрели 2021 дар Душанбе Дафтари консули фахрии Маҷористон кушода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи Дафтари мазкур Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон ҷаноби Петер Сийярто ва Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ширкат варзида, суханронӣ карданд.

Ҷонибҳо таъкид доштанд, ки ифтитоҳи Дафтари консули фахрии Маҷористон иқдоми муҳим дар масири густариши муносибатҳои байни ду давлат мебошад. Петер Сийярто ва Музаффар Ҳусейнзода изҳор намуданд, ки ин Дафтар ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя, рушди сайёҳӣ ва табодули фарҳангӣ саҳм хоҳад гузошт.

Honorary-Consulate-08-04-2021-1.jpg

Honorary-Consulate-08-04-2021-2.jpg

Honorary-Consulate-08-04-2021-3.jpg

Honorary-Consulate-08-04-2021-4.jpg

Нигористон

Тақвим