Мулоқоти маҷозии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин

13.04.2021 17:40

13 апрели 2021 ба манзури омодагӣ ба нишасти дуюми вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ – Чин, мулоқоти маҷозии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин барпо шуд. Ҷониби моро дар ин мулоқот Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода намояндагӣ кард.

Ҷонибҳо пиромуни раванди тадорукот ба баргузории вохӯрии навбатӣ табодули афкор намуда, пешнависи санадҳои барои муҳокима пешниҳодшударо мавриди баррасӣ қарор доданд.

IMG-7698.jpg

IMG-7714.jpg

 

Нигористон

Тақвим