Ҷаласаи навбатии Ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ

30.03.2015 04:16

26 марти соли 2015 дар ш.Брюссел ҷаласаи навбатии Ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Зимни ҷаласа, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев ба таваҷҷуҳи вакилон оид ба рафти омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015, ки санаи 9-11 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, маълумоти муфассал манзур намуд.

Қайд карда шуд, ки дар Конфронс намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СММ, сохторҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, ҷомеаҳои соҳибкорӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ҷомеаи маданӣ, ҳамчунин олимон ва коршиносон иштирок хоҳанд кард.

Раиси Ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле таъйид намуд, ки дар кори конфронси байналмилалии Душанбе ҳайати баландпояи Парлумони Аврупо иштирок хоҳад кард.

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим