31 марти соли 2015, соати 10:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг барои намояндагони ВАО дар бобати Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки 1-2 апрели соли 2015 дар ш. Душанбе барпо хоҳад гашт, доир мегардад.
Ба брифинг намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ, ки барои пӯшиши иттилоотии Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД аккредитатсия шудаанд, даъват карда мешаванд.
Зимни брифинг инчунин маводҳо роҷеъ ба Ҷаласаи мазкур ва бейджҳо супорида мешаванд.