30 марти соли 2015 Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди САҲА ва созмонҳои дигари байналхалқӣ дар Вена Исматулло Насрединов дар ҳузури муовини Дабири кулли СММ, Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Вена Юрий Федотов туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи маҳсули ҳунари дастии миллиии мардуми кишварамон "Сӯзанӣ"-ро ба Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Вена тақдим намуд.
Ин тӯҳфаи хотиравӣ нахустин бор яке аз даҳлезҳои марказии бинои Созмони Милали Муттаҳид дар Венаро оро дод.
Сӯзанӣ дар баробари тӯҳфаҳои миллии бархе аз кишварҳои Созмони Милали Муттаҳид нишонаест аз мардуми Тоҷикистон, ки ба ҷаҳониён фарҳангу маданият ва мероси гаронбаҳои ниёгонамонро муаррифӣ хоҳад кард.
Юрий Федотов аз номи худ ва Дафтари СММ дар Вена барои ин тасмими наҷиби Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ кард.
