Таблиғи имкониятҳои иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистон дар Париж

31.03.2015 08:42

30 марти соли 2015 дар иқоматгоҳи ассотсиатсияи соҳибкорони Франсия (МЕДЕФ) бо иштироки намояндагони доираҳои соҳибкории франсавӣ рӯнамои (презентатсия)-и имкониятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон барпо гардид.

Дар рафти ин чорабинӣ аввалан муаррифии имкониятҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ сурат гирифта, сипас намояндагони ширкатҳои франсавӣ дар шакли интерактив ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда пайдо карданд.

Таблиғи имкониятҳои иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистон дар Париж

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим