Вохӯрии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон

17.07.2021 12:04

Бино ба тавофуқи ҳосилшуда, 12-17 июли 2021 дар шаҳри Бишкек, Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар поёни вохӯрӣ протоколи дахлдор ба имзо расид.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

Tajik-Kyrgyz-Border.jpg

Нигористон

Тақвим