Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Президенти Ӯзбекистон

17.07.2021 13:31

16 июли 2021 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро, ки дар Тошканд барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: иртиботи мутақобилаи минтақавӣ. Чолишҳо ва имкониятҳо” қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти вохӯрӣ С.Муҳриддин ба Президенти Ӯзбекистон саломи бародарона ва орзуи саломатии бардавомро аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонид.

Вазири корҳои хориҷӣ қайд кард, ки дар Тоҷикистон сатҳи баланди муносибатҳо бо Ӯзбекистонро сидқан қадрдонӣ мекунанд ва таъкид намуд, ки бо иродаи қавии сиёсии роҳбарони ду кишвар ҳамкориҳо пайваста рушд ёфта, самтҳои навро фаро мегиранд.

Ҷонибҳо рафти татбиқи созишҳои бадастомада аз натиҷаи сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 11-12 июни 2021-ро, ки ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии роҳбурдии ду кишвар таҳрик бахшид, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Tajik-FM-Met-with-Uzbekistan-President-17-07-2021-2.jpg

Tajik-FM-Met-with-Uzbekistan-President-17-07-2021-1.jpg

Нигористон

Тақвим