Эълони баргузории нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ

21.07.2021 08:30

27 июли 2021 соати 10:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорат дар нимсолаи якуми соли 2021 баргузор мегардад.

Аз ин рӯ, аз намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ лутфан хоҳиш мешавад, ки то 26 июли 2021, соати 10:00 ба Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо телефони 221-43-69 ё почтаи электронии pressaccreditation@mfa.tj дар бораи иштироки худ (ному насаби хабарнигор, номи ВАО, почтаи электронӣ) иттилоъ диҳанд.

Нигористон

Тақвим