17 августи 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Вазири тиҷорат ва иҷрокунандаи вазифаи Вазири иттилооти Арабистони Саудӣ доктор Маҷид Абдуллоҳ Ал-Қасабӣ мулоқот намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои авлавиятноки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо дар мавриди роҳандозии ҳамкориҳо байни расонаҳо ва муассисаҳои иттилоотии ду кишвар табодули назар карданд.