7 сентябри соли 2021 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар рафти нишасти мазкур роҷеъ ба таърихи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, расидан ба сулҳи устувор, дастовардҳо ва пешравиҳо дар 30 соли соҳибистиқлолӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот ироа гардид.
Дар ҷараёни нишаст таваҷҷуҳи ҳозирин ба комёбиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, мубориза бо терроризму экстремизм ҷалб гардида, роҷеъ ба иқтидори саёҳатӣ, заминаи ҳуқуқӣ ва фазои сармоягузорӣ дар кишварамон маълумоти муфассал манзур карда шуд.