ЭНТОНИ Ҷ. БЛИНКЕН, КОТИБИ ДАВЛАТӢ
8 сентябри 2021
Ман аз номи Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва мардуми Амрико мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлолият дар таърихи 9 сентябри соли 2021 табрику таҳният мегӯям.
Мушорикати мо дар тӯли се даҳсола бар асоси ҳадафи муштаракамон, яъне Тоҷикистони сохибихтиёр, мустақил ва шукуфон, инчунин минтақаи сарсабзу хуррами Осиёи Марказӣ бунёд ёфтааст. Тавассути ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла тариқи платформаи дипломатии С5+1, мо дар ҳоли эҷоди робитаҳое ҳастем, ки аз амният, рушди иқтисод ва ҳамгироии минтақавӣ ҳимоят мекунанд. Мо ҳамчунин бо мардуми тоҷик барои рафъи ҳамагирии COVID-19 ҳамкориро ба роҳ мондаем, аз ҷумла ба монанди иқдомоти ахир, ки дар доираи механизми COVAX 1.5 миллион вояи ваксина хайр намудем. Дар солҳои оянда мо муштоқона мунтазири идомаи ҳамкорӣ бо шарикони тоҷики худ ҷиҳати тақвияти амнияти сарҳадӣ ва суботи минтақавӣ, мубориза бо бӯҳрони иқлим, афзоиши рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокии ниҳодҳои демократӣ ва мусоидат ба эҳтироми ҳуқуқи башар ҳастем.
Иёлоти Муттаҳида ҷонибдории худро ба субот ва шукуфоии ояндаи Тоҷикистон ва мардуми он изҳор менамояд ва мо умедвор ҳастем, ки дар солҳои оянда мушорикати худро густариш диҳем.
https://www.state.gov/tajikistan-independence-day/