Ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Нур-Султон

27.09.2021 12:38

24 сентябри 2021 дар шаҳри Нур-Султон 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти расмии Ҷумҳурии Қазоқистон, аз ҷумла вазоратҳои корҳои хориҷӣ, маориф ва илм, савдо ва ҳамгироӣ, ҳайати корпуси дипломатӣ, намояндагони ВАО ва роҳбарони марказҳои фарҳангии тоҷикони муқими Қазоқистон ҷашн гирифта шуд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода ҳамоиши идонаро ифтитоҳ намуда, оид ба аҳаммияти хоссаи ин рӯзи муқаддас барои мардуми Тоҷикистон, дастовардҳои кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ, сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини сулҳу осоиш дар кишвар ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ сухан ронд.

Ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Сиздиков муборакбодӣ намуд.

Роҳбарони ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикони Қазоқистон барои иштирок дар ҳаёти ҷамъиятии тоҷикон ва саҳми муассир дар таҳкиму рушди робитаҳои дӯстӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Чорабинӣ бо рақсу сурудҳои миллии тоҷикӣ дар иҷрои ансамбли Академияи хореографии «НОМАД»-и Қазоқистон оро дода шуд.

Дар ҳамоиши идона ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлол муаррифӣ гардида, аксҳо, манзараҳои зебои кишвар, китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъриху фарҳанги тоҷикон, намунаҳои санъати миллии тоҷик, аз ҷумла либосҳои миллӣ ва асбобҳои мусиқӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Нигористон

Тақвим