Иштироки Муовини вазири корҳои хориҷӣ дар ҷаласаи шашуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲТБО

12.10.2021 16:46

12 октябри соли 2021 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи шашуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мулоқоти мазкур Муовини вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим намояндагӣ кард.

Ф. Салим зимни суханронии худ оид ба масъалаҳои муҳимми минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон изҳори назар намуда, ширкаткунандагонро бо иқдомҳои Тоҷикистон дар самти муҳитизистӣ шинос намуд.

Ҳамчунин Ф. Салим аз кишварҳои узв барои ҷонибдории иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли ҳифзи пиряхҳо даъват ба амал овард.

Cicca-3PHOTO-2021-10-12-14-29-54.jpg

CiCa-4-PHOTO-2021-10-12-13-43-17.jpg

Cicca-2PHOTO-2021-10-12-13-42-17.jpg

 

 

 

 


 

 

 

Нигористон

Тақвим