Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Вазири маорифи Озарбойҷон

13.10.2021 18:26

13 октябри 2021 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Вазири маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон Эмин Амруллоев Элдар оглу баргузор гардид. 

Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо дар мавриди ҳамкорӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар бахши маориф, танзими мулоқотҳои коршиносони ду кишвар, инчунин коркард ва татбиқи абзорҳои нави равобит дар ин самт табодули афкор намуданд.

13-10-2021-18-26-3.jpg

Нигористон

Тақвим