Машваратҳои сиёсӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия

26.10.2021 14:39

25 октябри 2021  дар ш.Анкара машваратҳои сиёсӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистонро муовини сардори Раёсати кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Вазорати корҳои хориҷӣ Муҳаммадӣ Музаффар ва ҳайати Туркияро  сардори Сарраёсати муносибатҳои дуҷонибаи сиёсии (Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ, Қафқоз) Вазорати корҳои хориҷӣ  Ёнет Ҷан Тезел роҳбарӣ карданд.

Зимни машваратҳо тарафҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл, маориф ва фарҳанг, амният ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва дигар мавзӯоти мавриди эҳтимоми тарафайн гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Tajikistan-and-Turkey-Political-Consultations-26-10-2021.jpg

Нигористон

Тақвим