Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ

22.11.2021 18:55

22 ноябри соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррелл, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, вохӯрӣ намуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва дурнамои онҳоро дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ, гуманитарӣ, ва муҳити зист баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин гуфтугӯи судманд перомуни масоили амнияту суботи минтақа, алалхусус вазъ дар Афғонистон, хатари терроризму ифротгароӣ, рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн сурат гирифт.

FM-JB-22-11-2021-1.jpg

FM-JB-22-11-2021-2.jpg

FM-JB-22-11-2021-3.jpg

Нигористон

Тақвим