30 ноябри 2021 дар Душанбе ҷаласаи 14-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея бомуваффақият анҷом ёфт.
Иштироккунандагони ҷаласа ба мувофиқа расиданд, ки Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея сол то сол иқтидори худро зиёд карда, ба ҳадафҳои худ расида истодааст. Ҷонибҳо аз табодули афкор, ки дар руҳияи дӯстии анъанавӣ, кушода ва ояндабин сурат гирифт, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар чаҳорчӯби Форуми 14-уми ҳамкории Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея чор нишасти коршиносони мақомоти соҳавии кишварҳои Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Корея дар бахшҳои ҷангал, бетарафии карбонӣ, тандурустӣ ва технологияи рақамӣ барпо гардиданд.
Қабули Нақшаи кории Котиботи Форум барои соли 2022 ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳо дар шаш самти дурнамои ҳамкорӣ дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуддат як қадами муҳим ба пеш мебошад. Онҳо, аз ҷумла соҳаҳои нақлиёт ва логистика, энергетика, таҷдид ва диверсификатсияи саноат, тағйирёбии иқлим ва муҳити зист, тандурустӣ ва тиб, маориф, фарҳанг ва сайёҳиро фаро мегиранд.
Тибқи мувофиқаи ҷонибҳо номзадии Ли Чон Гук ба ҳайси мудири Котибот тасдиқ шуд.
Иштирокдорони Форум самарабахш баргузор шудани нишасти коршиносони мақомоти соҳавии кишварҳои узви Форум ва ҷаласаи омодасозии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, ки қисмати мундариҷавии Форуми 14-умро мавриди баррасӣ қарор доданд, қайд карданд.
Ҷонибҳо дар робита ба кори Шӯрои тиҷоратии Котиботи Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея, ки дар чорчӯби он 29 ноябри 2021 дар Душанбе бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон нахустин Бизнес–форум дар формати 5+1 баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар поёни ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Форум Изҳороти муштарак қабул шуд, ки дар он натиҷаи машваратҳои пурсамар дар доираи мулоқоти имрӯза зикр гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии худро дар Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея ба охир расонд. Тибқи қарори ягонаи вазирони корҳои хориҷии ҷаласаи 14-ум, Ҷумҳурии Корея раисиро барои баргузор намудани Форуми 15-уми ҳамкорӣ ба зимма гирифт.
Ташаббуси таъсиси абзори Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро соли 2007 ҷониби Корея ба мақсади афзоиши талошҳо ҷиҳати густариш ва тақвияти робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Корея, инчунин рушди ҳамкории минтақавӣ пешниҳод карда буд.