15 феврали 2022 дар шаҳри Риёз бо ташаббуси Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Подшоҳии Арабистони Саудӣ Форуми иқтисодӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш сафирони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон дар Риёз, роҳбарият ва аъзои Федератсияи палатаҳои Арабистони Саудӣ, масъулони Бонки рушди исломӣ, Фонди рушди саудӣ ва намояндагони беш аз 50 ширкатҳои бахши хусусии кишвари иқомат ширкат варзиданд.
Зимни суханронии худ дар форум Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ имконияту зарфиятҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, иқтидорҳои гидроэнергетикӣ, кишоварзӣ, саноатӣ ва сайёҳии Тоҷикистон ва инчунин имтиёзҳои фискалиеро, ки дар қонунгузории кишвар барои сармоягузорони хориҷӣ пешбинӣ шудааст, муаррифӣ намуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ навори видеоӣ дар бораи фазои сармоягузории Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.