Тартиби барасмиятдарорӣ ва додани тасдиқи даъват

01.03.2013 10:10

Тасдиқи даъват ҳуҷҷатест, ки ба шаҳрванди хориҷӣ ҳуқуқи гирифтани раводиди навъи муносибро дар муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, бюрои консулӣ дар фурудгоҳҳо ва намояндагиҳои ВКХ ҶТ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, медиҳад.

Тасдиқи даъват аз ҷониби раёсати консулии ВКХ ҶТ дар асоси дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, вазорату идораҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин, нусхаи шиноснома, анкетаи раводидии пуркардашуда, расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ (дар ҳолати супоридани ҳуҷҷатҳо – барои баррасӣ ва баъди қабули қарори дахлдор дар бораи таҳияи тасдиқи даъват ва барасмиятдарории он) вобаста ба мақсади сафари шаҳрванди хориҷӣ ба расмият дароварда мешавад.

Тасдиқи даъват дар бланкаи муқарраршуда, ки аз ҷониби ВКХ ҶТ тасдиқ гардидааст, ба расмият дароварда мешавад. Тартиб ва мӯҳлати баррасии дархостҳо дар бораи барасмиятдарорӣ ва таҳияи тасдиқи даъват мисли қоидаҳои судури раводид ба амал бароварда мешавад. Рад кардани таҳияи тасдиқи даъват асоснок карда намешавад.

Тасдиқи даъват дар нусхаи асл ба расмият дароварда шуда, ба шахс ё ҷониби дархосткунанда супорида мешавад.

Раёсати консулии ВКХ ҶТ нусхаи электронии тасдиқи даъватро тавассути почтаи электронӣ ё тариқи алоқаи факсӣ дар рӯзи ба расмият даровардани тасдиқи даъват ба муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, бюрои консулӣ дар фурудгоҳҳо ва намояндагиҳои ВКХ ҶТ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мефиристад.

Дар ҳолати набудани имконияти техникӣ (нуқсонҳои воситаҳои техникӣ), аз ҷониби раёсати консулии ВКХ ҶТ тасдиқи таҳияи тасдиқи даъват ирсол карда мешавад, ки дар он маълумот дар бораи рақами содиротии тасдиқи даъват, санаи ба расмият даровардани он, мӯҳлати иҷозати таҳияи раводид, насаб, ном, номи падар, инчунин санаи таваллуди шаҳрвандони хориҷие, ки дар он дарҷ гардидаанд, фиристода мешавад.

Нигористон

Тақвим