25 июни соли 2015 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир мизи мудаввар оид ба натиҷаҳои баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 барпо гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндаҳои Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир, намояндаҳои сафоратҳои муқими Британияи Кабир, коршиносони Ассотсиатсияи байналмилалии гидроэнергетика (International Hydro power Association), кормандони воситаҳои иттилоотӣ ширкат варзиданд.
Сафир ба таваҷҷӯҳи иштирокчиён маълумоти муфассал оид ба чорабиниҳое, ки дар чорчубаи Конфронс баргузор гардиданд, бандҳои асосии Эъломияи Конфронс, пешниҳоди нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон кардани Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” пешниҳод карда шуд.
Инчунин, ба диққати ҳозирин презентатсия оид ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об пешкаш карда шуд. Дар он иқдомҳои муҳими обии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва маълумот оид ба кӯшишу талошҳои кишварамон дар масоили таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти идоракунӣ, ҳифз ва истифодабарии захираҳои обӣ ҷамъбаст гардиданд.
Дар идома роҳбари Ассотсиатсияи байналмилалии гидроэнергетика бо презентатсия дар мавзӯи “Тағйироти иқлим ва рушди устувор” баромад намуда, таҳлили вазъи кунунии раванди тағйир шавии иқлим ва баҳоҳои кор шинисони илмӣ ҷиҳати таъсири он ба рушди самти энергетикаи обӣ намоиш дод.
Иштирокчиёни чорабинӣ ташаббусҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва пешниҳоди нав оид ба эълон шавии Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” маъқул дониста, онҳоро баланд арзёбӣ намуданд.