Баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Полша

11.03.2022 12:10

Тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бинобар сабаби муташанниҷ шудани вазъи Украина ба қаламрави Полша ворид шуданд, дар ҳамкорӣ бо Агентии амнияти сарҳадии Аврупо (Frontex) ва мақомоти марбутаи Полша субҳи имрӯз нахустин ҳавопаймои ҳомили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад.

Дар натиҷаи ин иқдом 186 шаҳрванди Тоҷикистон ба шумули занону пиронсолон ва ноболиғон ба Ватан баргаштанд. Анҷоми парвозҳои иловагӣ ҷиҳати интиқоли шаҳрвандон дар фурсатҳои наздик дар назар дошта шудаст.

Нигористон

Тақвим