18 марти соли 2022 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири навтаъйиншудаи Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг-Сок баргузор шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ҷаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ баррасӣ намуда, ба таҳкими минбаъдаи робитаҳо таъкид карданд.