Иштирок ва суханронии роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ

23.03.2022 15:52

22 марти соли 2022 дар шаҳри Исломобод нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ба кори худ идома дод, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ роҳбари ҳайати Тоҷикистон ба зарурати фаъолсозии нақши Созмон ва тақвияти муколама миёни кишварҳои узви он дар ҳалли қазияҳои мубрами кишварҳои мусулмонӣ таъкид намуд. Вазири корҳои хориҷӣ инчунин аҳаммияти тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва таҳдиду чолишҳои замони муосирро қайд кард.

Дар робита ба масоили марбут ба Афғонистон ва бо ишора ба таъсири манфии он ба минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид гардид, ки мутаассифона то ҳол шарти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба маъмурияти ҳозираи Афғонистон – ташкил намудани ҳукумати ҳамашумул бо иштироки ҳамаи қавмҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар ин кишвар то ҳол иҷро нагардидааст.

Дар фарҷоми суханронӣ С. Муҳриддин аз намояндагони воломақоми кишварҳои узви СҲИ ҷиҳати иштироки фаъол дар Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе доир мегардад, даъват ба амал овард.

IMG-20220323-WA0005.jpg

20220323-001828.jpg

IMG-20220322-WA0023.jpg

Нигористон

Тақвим