20 июли соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжунро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти вохӯри масъалаҳои сафари дарпешистодаи расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин дар атрофи самтҳои калидии муносибатҳои дуҷониба ва тавсеаи минбаъдаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар арсаҳои мухталиф табодули назар сурат гирифт.