30 марти соли 2022 дар шаҳри Риёз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Раиси Маҷлиси шӯрои Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Иброҳим Оли Шайх баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла дурнамои тақвияти минбаъдаи робитаҳои байнипарлумонӣ байни ду кишвар баррасӣ шуданд.