30 марти соли 2022 дар шаҳри Анқара бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз бо шукуҳу шаҳомати хос ва дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур вазири саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Мустафа Варанк, раиси Гуруҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Туркия Аҳмет Узер, намояндагони мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатии муқими Анқара, ҳамватанони бурунмарзӣ, донишҷӯёни тоҷик, соҳибкорон ва васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов маросимро оғоз карда, ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуд. Номбурда изҳор дошт, ки Наврӯз нифоқу низоъ ва бераҳмиву бешафқатиро аз қалби одамон дур месозад ва аз рӯзи нек мужда мерасонад.
Мустафа Варанк низ ҳозиринро ба ҷашни Наврӯз табрик гуфта, қайд кард, ки Тоҷикистон дӯсти қадим ва шарики муҳими Туркия буда, бо азми раисиҷумҳури Туркия ва дӯсти наздики ӯ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақтҳои охир равобит байни ду кишвар дар ҳама соҳаҳо рушд намуда истодааст.
Ҷашни Наврӯзи бостонӣ бо баргузории намоиши коллексияи либосҳои миллии тарроҳ Умед Кучкалиев ва барномаи гуруҳи рақсии Театри "Падида" руҳияи ҳозиринро шод гардонид.
Дар чорабинӣ сӯзаниҳо, расмҳо, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқии маҳсули дастони пурэъҷози ҳунармандон ва дигар намунаи маҳсулоти тарғибкунандаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон намоиш дода, ба таваҷҷуҳи иштирокчиён наворҳои муаррифкунандаи Тоҷикистон ва таронаҳои ҷолиб пешниҳод гардиданд.
Дар яке аз гӯшаҳои толор кати миллӣ бо дастархони идона ва рамзҳои Наврӯзӣ - ҳафт сину ҳафт шин ташкил шуд.